БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДЕОЛОГИЯИ ТТЭ ҲНИ БА ҲАЛҚ БА ҶУЗ БАДБАХТӢ ҲЕҶ ЧИЗ ДОДА НАМЕТАВОНАД

ВОКУНИШ.Таҷрибаи башари собит месозад, ки ба озодии комилу истиқлолият расидани ҳар як миллату давлат бе ба даст овардани ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ, меҳр ба Ватану сарзамини худ номумкин мебошад. Миллати форс-тоҷик, ки чандин ҳазор сол дар ҷаҳон ҳукмрон буд, дар ҳазор соли охир таҳти шиканҷаи бегонагон қарор. Лекин фарҳанги волои миллат, таҳти сарварии фарзандони содиқи Ватан тавонист, ки тоҷикро ҳамчун миллати соҳибватан то имрӯз нигоҳ дорад.

Донистану омӯхтани рукнҳои Ваҳдати миллӣ барои насли имрӯзу фардои Ватан бояд муқаддасу ҷовидонӣ бошад. Хушбахтии ин миллату ин сарзамини биҳиштосо буд, ки бо амри тақдир аз рӯзҳои аввали Сарвари давлати тозабунёди Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқии худро ба савгандҳои хурдааш дар назди халқу миллат собит намуд.

Тоҷикистонро имрӯз мамолики дунё чун давлати воҳиду ягона ва дорои фарҳанги қадиму воло мешиносанд. Дар тули садсолаҳои зиёди таърихии пурфоҷеаи тоҷикон, аввалин бор таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба Ватан ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт.

Аммо ҳоло ҳам душманони миллати тоҷик ором нашуданд. Ба монанди ТТЭ ҲНИ, ки бо тарҳу барномаҳои муғризона мехоҳад Тоҷикистонро боз мисли солҳои навадум ба майдони хунрезиҳо табдил диҳад.

Аъзои ТТЭ ҲНИ ва роҳбарашон Кабирӣ хуб медонанд, ки гуноҳашон дар назди миллат хеле вазнин аст. Бинобар ин, ба хотири ҷуброни маблағҳои аз хориҷа ба даст овардааш Кабирӣ маҷбур гаштааст, ки дар байни баҳри беканори хиёнат дасту почак занад.

Мардуми Тоҷикистон ба идеологияи ТТЭ ҲНИ хуб ошно гашт ва пайомадҳои талхи онро дар солҳои навадум дид. Маълум гашт, ки он идеология ба ҳалқ ба ҷуз бадбахтӣ ҳеҷ чиз дода наметавонад. Аз аввали таъсиси ин ҳизб то имрӯз дастпарварони ТТЭ ҲНИ бештар ба дигар мазҳабҳои тундрав гаравиданд. Онҳо раҳгумзадагон.

Солҳост шоҳидем, ки дар давлатҳое, ки азҳобҳо ва ҳизбҳои динӣ бо мазҳабҳои худ фаъолияту талоши ба сари қудрат расиданро доранд, дар он давлатҳо фақат кашмакашиву ихтилофҳо ҷой доранд. Шаҳрҳо хароб гашта, одамони бегуноҳ кушта мешаванд.

Дасту почакзаниҳояшон ба ин ҷо расидааст, ки ТТЭ ҲНИ аз ҳисоби як зумра раҳгумзадагони дигар анҷумани бо ном озодандешонро ташкил кунад ва инро тавре содалавҳона, ки гӯё касе намедонад ин ҳамон шохаи ТТЭ ҲНИТ аст. Аммо ҳама аз ин ҳиллаҳои ТТЭ ҲНИ огоҳанд. Ин равиши аввомфиребона боис гардид, ки анҷумани онҳо ба як анҷумани масхара табдил ёбад ва ҳатто дар як нигоштае он “Шайтонанҷумани шайтонбаччаҳои озодандеш дар Вена” ҳам ном гирифта буд. Беле, ин шайтонбаччаҳо роҳи ростиву ҳақиқатро гум кардаанд.

Таърих ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ҳар инсоне, ки тафаккури солим дорад, ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои фоҷеабори миллатро фаромӯш намекунад.

Наҳзатиҳо ҳоло ҳам беватан дар хориҷӣ кишвар пуштибони аз Исломро шиори худ намуда, мехоҳад таҳти ҳамин шиор тоҷикону тоҷикистониёнро бадном намояд ва аз ин ҳисоб соҳиби маблағу сарпаноҳ гашта, ҳаёт ба сар барад.

Мо - тоҷикон, ки мусулмон ҳастем ба хотири эмин нигоҳ доштани якпорчагии марзу буми Ватани хеш бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем. Замину обу ҳавои Тоҷикистонро бо дилу ҷон бояд қадр кунем. Танҳо дар ҳамин замини аҷдодӣ мо худро чун дар канори беғурбати Модар эҳсос менамоем.

Қурбонова Робиямо, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg