ВОКУНИШ. Дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат қайд карданд, ки ҳоло авзои сиёсии сайёра бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Кушишҳои аз нав тақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷорати ва ҷиноятҳои кибери торафт шиддат гирифта ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд. Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳми ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс боиси пуштибони ёфтани гурӯҳҳои террористию ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин неруҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегарданд.
Яке аз чунин гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ин ТЭТ ҳизби наҳзати исломи мебошад, ки ба мақсади амалӣ намудани ниятҳои худ ҳоло номашро қолабан Паймони Миллии Тоҷикистон кардааст. Ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон 18 сол имконияти озоди фаъолият карданро дошт. Ба ҷои сохтани муносибатҳои хуби ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту созмонҳои ҷамъияти ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар қадаре тавонистанд тухми нафрату кина ва адоватро кошта, то ҳатто як маротиб кушиши Ҳукуматро сарнагун кардан дошанд, ки ба мақсади нопокашон нарасиданд. ҲНИ солҳои 1991-1992 давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги шаҳрванди гардонид, ки дар натиҷа 150 ҳазор одамон кушта 50 ҳазор кӯдакон ятиму бепарастор мондааст. Таълиму тарбияи ин кӯдакони ятимро давлат ба зиммаи худ гирифта то ҳол дар ҳаққи онҳо ғамхори зоҳир карда мешавад. Ташкилкунанда ва сабабгори ин ҷанги шаҳрванди ҲНИ буда, дар ҳаққи ягон касс ягон зарра ғамхори накардааст ва намекунад. Баракс онҳо дар фикру нияти дигарбора ба куштору ваҳшоният ва хонавайрон кардани сокинони Тоҷикистон мебошанд. Ин ташкилоти экстремистию террористи дуюмбора моҳи сентябри соли 2015 мехост давлати ҷавони Тоҷикистонро сарнагун кунад, локин тираш хокхурд.
Ин гӯруҳи ифротгаро ва террористи аз ҷониби баъзе давлатҳо пуштибони ёфта ба муқобили давлату Ҳукумати Тоҷикистон санги маломат мезананд. Онҳо ба бад номкардани Хукумати Тоҷикистон ва ноором сохтани вазъи Тоҷикистони соҳибистиқлол машғуланд. Роҳбари ин ташкилот Муҳиддин Кабири бошад ҷанги иттилоотиро ба муқобили давлати мо сар кардааст. Ҷавонони мо дигар ҷавонони солҳои 1991-1992 нестанд, ки ба гапу гуфтаҳои дуруғини онҳо бовар кунанд. Онҳо фақат ҷавонҳоеро, ки дар муҳоҷирати меҳнати дар Федератсияи Россия мебошанд бо роҳи фанду фиреб ва ваъдаи маблағи калони пулӣ ба доми худ меафтонанд. Роҳбарони Паймони Миллии Тоҷикистон бошад оиди ноадолатиҳои иҷтимои ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон санги маломат мезананду мардумро гумроҳ кардани шуда, аз тамоми имкониятҳои фитнаангезонаи худ оиди бадном кардани Хукумати Тоҷикистон истифода мебаранд. Хушбахтона хурду бузурги Тоҷикистони сарбаланд зери сиёсати сулҳпарваронаву фуқапарваронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқбол аз 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниятҳои неку созанда ва ободкориҳо машғул шуда Тоҷикистони якторо боз ҳам обод ва яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мегардонем бо ин мо мардуми Тоҷикистон аз ҷумла ҷавонони саодатманди кишвар боварии комил дорем ва мо намегузорем, ки нафари нохалаф ба сӯи мо бо чашми бад нигоҳ кунанд.
Давлатҷон Ғаффорзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Ҳамадонӣ