БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИСТ ДУШМАНИ ИНСОНИЯТ АСТ!

ВОКУНИШ. Калимаи террор ё терроризм, ки имрўз дар воситаи ахбори омма ва матбуоти муосир хеле зиёд вомехўрад, аслан маънои куштор, даҳшатафканӣ, даҳшатангезӣ, даҳшатовариро дорад.

         Қисми зиёди террористон дар Шарқи мусулмонӣ ва Аврупо зери парчами исломӣ «давлати исломи бунёд месозем»-гуфта, ба  куштору даҳшатафканӣ машғул мешаванд.

Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҳизбамон ва такрор ба такрор таъкид менамоянд «террорист – дин, мазҳаб, миллат, Ватан надорад». Ва махсусан дар дини мубини Ислом нахондаем, ки инсон ба хотири ҳадафу маромҳои нопоку ношоистаи худ худкўшӣ кунад ва туфайли худкушии худ чандин бандагони дигарро беҷон намояд. Ҳам Ислом ва ҳам дигар динҳои маъмули дунё худкуширо амалӣ нопоку ғайридин, ҳатто куфру бедиёнатӣ медонанд. Пас саволе ба миён меояд, ки террористони маргталаб дар асоси кадом гуфтаҳо ва аҳкоми динӣ амал мекарда бошанд, дар сурате, ки аёдати бонуфузи дунё худкуширо зуҳуроти ғайридинӣ  мешуморад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикитони азизи мо шукри беҳад, ки туфайли сиёсати хирадмандонаю башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва аҳли зиёиён, мутаффакирону донишмандон фазои  сулху осоишта, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон аст, вале падидаҳои даҳшатноку марговари кишварҳои гуногун  ба мо низ бетаъсир намемонад. Аз ин нуқтаи назар,  гирифтани пеши роҳи  ҳама гуна зуҳуроти номатлубу даҳшатовар вазифаи хар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандўсту ояндасоз мебошад. Дунё ва зиндагӣ барои меҳнат, сохтан, бунёд кардан, чизе аз худ гузоштан ва номи наку мондан аст, на барои ҳар чӣ зудтар мурдан.

Зиндагӣ ҳаёт ин мубориза аст, мубориза ба муқобили марг. Аз ин лиҳоз, инсон қудрати бузрге дорад, ки ҳама гуна терроризму эктремизм, вандализм ва дигар  «изм»-ҳои нодаркору номатлуб, харобиовар, инсонбадбинонаю зишткоронаро аз байн бардорад.

Мардуми диёр асосан ҷавонон бояд ҳушёрии сиёсиро  аз даст надода, роҳи дурусти ҳаётро бо ақли солим интихоб намоянд.  Мардуми шарифи Ваитан, ки имсол 22-солагии  Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд, аз  сабақҳои талхи гузашта панд гирифта, ба ягон дассисаву бегонапарастии фарзандон роҳ надиҳанд.

 

Ҳошимов Тоҳир-Мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии

КИ ХХДТ дар ноҳияи Панҷ.

 

 

                                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg