БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕТАРТИБӢ ДАР ЗИНДОНИ ШАҲРИ ВАҲДАТ РУХДОДА, КОРИ ДАСТИ АЪЗОИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТИСТ

ВОКУНИШ. Чи тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, рӯзи 20 майи соли ҷорӣ бо дасти аъзоёни ташкилоти террористии бо ном “Давлати исломӣ” дар ҳабсхонаи шаҳри Ваҳдат балво хезонида шуд. Сӣ нафар маҳкумшудагон бо нишондоди аъзоёни ин ташкилоти фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълонгардида бо корд ва асбобҳои махсуси тез  мусаллаҳ гардида, се нафар назоратчии ҳабсхонаро гаравгон гирифта, баъдтар онҳоро ба қатл мерасонанд. Талаби балвогарон  баромадани онҳо  ба озодӣ буд.

Ман чунин фикр менамоям, ки ташкили бетартибӣ дар ҳабсхона супоришист.  Дар ин амали ғайриқонунӣ саркардагону  роҳбарони  ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла бо ном “Давлати исломӣ”, Ҳизби наҳзати ислом даст доранд.  Зеро дар байни балвогарон маҳкумшудагон аз ин ташкилотҳои террористӣ дида мешавад.

Роҳбарони ин ташкилотҳои хунхор ба воситаи ташкили чунин бенизомӣ, бетартибӣ ва  амалҳои куштору хунрезӣ  ба ҷаҳониён нишон додан  мехоҳанд, ки дар   Тоҷикистон гӯё  ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи  маҳбусон риоя карда намешавад.  Вале, чи тавре мегӯянд:  Офтобро ба домон пӯшонида намешавад. Ҳазор суханбофӣ,  тӯҳмату буҳтон намояд, ҳам сухани ҳақ ва амали ҳақ пинҳон намемонад. Хоҳ нохоҳ мардум аз асли воқеа бохабар мегарданд.

 “Радиои озодӣ” мутобиқ ба гутаҳои боло  бо қаноатмандӣ қайд менамояд, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон пардапӯшӣ  дар бораи  воқеаи баамаломада дар ҳабсхонаи шаҳри Ваҳдат  хабар дода,  мардумро аз тариқи сомона ва воситаҳои ахбори омма  бори дигар аз хатари ба ҷомеа ва ҳар як оила доштаи терроризм огоҳ  намуд.

Моро мебояд, дар ҳар лаҳза ва дар ҳама ҷо омодаи мубориза ба терроризму экстремизм бошем.

Хализода  Сафар Хоҷа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg