БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭКСТРЕМИЗМ - ХАТАРИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ҶАҲОНИ МУОСИР

АНДЕША. «Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезу тунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд».

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат)

Масъалаҳои ҷавонон дар ҳама давру замонҳо ва дар ҳама халқу миллатҳо аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа ва мураккабе ҳастанд, ки ҳаллу фасл намудани онҳо мущим аст. Ҳанӯз файласуфи Юнони Қадим Суқрот дар соли 470 то мелод гуфта буд, ки «ҷавонони ҳозира ба карруфар одат карда, бадахлоқ шудаанд, ба ашхоси иззатманд нафрат доранд, калонсолонро эҳтиром  намекунанд. Кӯдакон бо падару модари худ баҳсу хархаша мекунанд, ба омӯзгорон бо назари таҳқир менигаранд».

Олимон қайд мекунанд, ки масъалаҳои ба ҷавонон дахлдошта дар миёнаҳои солҳои 50-уми асри гузашта ба мушкилоти аввалиндараҷа табдил ёфтаанд. Эҳсосоти баланд, тақлидкорӣ ва хислатҳои ноустувору тағйирёбандаи ҷавонон аз насл ба насл гузашта, нақши худро дар ҳаёти ҷомеа мегузоранд ва ҳатто қодиранд, ки ба фарҳангу маънавиёти як халқ таъсиргузор бошанд.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳар қадар табаддулотҳои иҷтимоӣ калонҳаҷм бошанд, ҳамон қадар ҳаракатҳо ва ҷамъиятҳои ғайрирасмии ҷавонон бисёртар пайдо мешаванд.

Ҳизбу ҳаракатҳои экстремистие, ки солҳои охир ба вуҷуд омадаанду таҳти ливоҳои «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Толибон», «Боко ҳарам» ва боз чандин гурӯҳҳои дигар амл мекунанд, характери бидъаткорӣ, миллатчигӣ, салтанатҷӯӣ, авлавиятхоҳӣ ва ҳатто ғайриинсонӣ доранд. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ки дар охири асри бистум пайдо шудаанд, хеле хатарнок буда, барои вайрон гардидани сохти конститутсионии давлат ва вайроншавии ҷомеа мусоидат мекунанд. Маҳз ҳамин гурӯҳҳои ифротгарову моҷароҷӯ гурӯҳҳои террористиро ба вуҷуд оварда, милёнҳо одамонро дар давоми 20-30 сол ба таври ваҳшиёна нобуд сохтаанд.

Мутаассифона, баъзе таҳлилгарони сиёсӣ аъмоли аъзоёни чунин ҳизбу ҳаракатҳоро ба дини ислом нисбат дода, онро «терроризми исломӣ» мегӯянд, ки ин комилан нодуруст аст. Дуруст аст, ки ин гурӯҳҳои худхоҳ аксаран дар қаламрави мамлакатҳои исломӣ пайдо шудаанд, лекин бояд донист, ки ақидаи онҳо аслан исломӣ нест, узви чунин гурӯҳҳоро мусулмон гуфтан нашояд. Зеро рафтору кирдори онҳо бо ин дини мубин ягон умумият надорад. Ҷавононе, ки ба чунин гурӯҳҳо дохил шуда, ба дини ислом иснод меоваранд, монанди ҳамон ҷавонони христианӣ, яҳудӣ ё буддоӣ ҳастанд, ки ба дину миллатҳои дигар нафрат доранд.

Гап дар сари он аст, ки ҷавонони якраву худхоҳ, новобаста аз миллату мазҳабашон бозичаи дасти сиёсатбозони салтанатҷӯ мешаванд. Онҳо, ки ба эҳсосоти фиребандаи ҷавонӣ дода шудаанд, фиребу найранги сиёсатбозҳоро дарк намекунанд, гумон мекунанд, ки бо чунин рафтори кӯр-кӯронаашон ҷаҳонро ба коми худ мегардонда бошанд. Таърих гувоҳ аст, ки сиёсатбозон (на сиёсатмадорон) дар ҳеҷ давру замоне ин «артиш»-и худро (ҷавонони раҳгумзадаро) ба мақсад нарасондаанд. Ҳатто агар онҳо ба мақсади нопоки худ бирасанд ҳам, чунин ҷавононро бо ҳар роҳу усул несту нобуд мекунанд (сиёсатбозон ба «артиш»-и худ насли калонсолро намегиранд, зеро онҳоро фиреб додан осон нест).

Аз ҳамин нигоҳ, зарур аст, ки ба масъалаҳои марбут ба ҷавонон диққати бештар дода шавад. Бояд ҷавонон ҳарчӣ бештар ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб гарданд, то ботинан худро узви ҷулонашавандаи ҷомеа ҳисоб кунанд, дарк намоянд, ки ғайр аз сохти конститусионии давлат ва муқаддасоти милливу динӣ чизи дигаре ба дарди онҳо намехӯрад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани насли наврас нақшаи чорабиниҳои махсус таҳия намуда, бо иштироки васеи ҷавонон дар ҳама деҳоти ноҳия ҷамъомаду вохӯриҳо доир намуда истодааст.

Барои пешгирии таҳдидҳои ҷаҳони муосир, хусусан, зиёд шудани тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротӣ, ҳисси бегонапарастӣ, дур шудан аз фарҳанги либоспӯшӣ ва тақлид ба либоси ғайр, пӯшиши сатру ҳиҷоб ва дигар масъалаҳое, ки боиси таназзули тафаккури миллӣ мегарданд, дар миёни насли наврас чорабиниҳои тарғиботӣ аз қабили ҷамъомадҳо, мизҳои мудаввар ва озмунҳои гуногун гузаронида шуда истодаанд. Ҷараён ва натиҷаи чунин чорабиниҳо ба таври муттасил дар саҳифаҳои рӯзномаи ноҳиявии “Субҳи Ёвон” интишор меёбанд.

Натиҷаи ҷамъомаду вохӯриҳо нишон медиҳад, ки дар мафкураи насли наврас баъзан холигоҳе пайдо мешавад ва онҳо барои бо чизе банд кардани талаботи ботинии худ аз сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ истифода мебаранд. Маълум аст, ки ифротгароёну моҷароҷӯён аз чунин шабакаҳо хеле фаровон истифода карда, ҷавононро фирефта месозанд.

Имрӯз сарнавишти талхи мардуми овораи як қатор кишварҳои ҷаҳон барои ҳар нафаре, ки барояш дину имон ва ватану давлат  арзиш дорад, сабақи бузургест.

Амалҳои ноогоҳонаи баъзе ҷавононро дида, мо аз худамон мепурсем, ки оё мо имрӯз аз неъматҳои сулҳу амният бархӯрдор нестем? Оё мо то ҳамон дараҷа бемаърифату ғафлатзада ҳастем, ки фирефтаи даъватҳои назарфиребонаи чанд нафар бемаърифатон шуда, аз неъматҳои Истиқлолияту Ваҳдат ва сулҳу амният рӯ метобем?

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки танҳо ва танҳо сулҳу суботи ҷомеа метавонад заминаи ободӣ, пешрафти илму ҳунар, дину фарҳанг ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мо шавад.

Мо бояд бо чашми ақл бубинем ва дарк намоем, ки асосгузорони давлати ба ном “исломӣ” дар Сурияву Ироқ аз зудбоварии насли ҷавон истифода бурда, мехоҳанд сулҳу суботи ҷомеаро барҳам зананд. Барои онҳо хуни ҷавонони ба ном «ҷиҳодкунанда» ба қадри як пули пучак ҳам арзиш надорад.

Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки халқ ва Ватани азизи мо баъд аз садсолаҳо соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гаштаанду, армони деринаи ниёгони мо амалӣ шуда истодааст. Мушкилотеро, ки имрӯз дар ҳаёти ҷавонон вуҷуд дорад, танҳо метавон дар ҳамбастагӣ ва дар фазои сулҳу субот ҳал намуд

Барои пойдории амнияти кишвар ва ободии ҷомеа ҷавононро зарур аст, ки дар қатори ҳама сокинони кишвар дар атрофи Президенти мардумии худ муттаҳид гашта, барои як мақсад- гулгулшукуфии сарзамини биҳиштосоямон бештар аз ҳар вақти дигар саъю талош варзанд. Ягона чизе ки мову кишвари моро аз хатари экстремизму терроризм наҷот медиҳад, ин ваҳдату ҳамақидагӣ аст. Мо дар ҳамбастагӣ нерӯи бузургу муқтадире ҳастем, ки ҳеҷ қувваи ғаразноке наметавонад ваҳдати моро халалдор намояд.

Саёҳат Абдуллоева, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg