БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮДАКОНУ НАВРАСОНРО ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ЗЕБОИПАРАСТӢ ТАРБИЯ МЕНАМОЕМ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмуни “Рассомӣ беҳтарин”-ро миёни кӯдакону наврасон доир намуд.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ ва директори мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Кӯлоб Одинмадов Шамсиддин иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, масъулин аз рафти намоиши рассомии кӯдакону наврасон дидан намуда, ба онҳо барои иштироки фаъолона ва аз худ нишон додани маҳорати хуби рассомӣ дар озмуни мазкур аҳсану офарин хонда, таъкид намуданд, ки минбаъд низ маҳорату малакаи худро такмил диҳанд ва дар оянда яке аз рассомони беҳтарин гарданд.

Баъдан дар охири чорабинӣ ба омӯзгори ҷавон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ ва тарбия намудани кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва зебоипарастӣ бо Сипосномаи ҳизбӣ қардшиносӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg