БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН РУШДИ ДЕҲАРО ВАЗИФАИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ХУД АРЗЁБӢ НАМУДАНД

ХОВАЛИНГ.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Наврӯҳо”-и ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ гузаронида шуд, дар қатори аъзоёни  ташкилоти ибтидоии ҳизбї  дигар сокинони деҳа, ки сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон ва  Роҳбари  муаззами онро якдилона дастгирӣ ва пуштибонӣ менамоянд, фаъолона иштирок намуданд.

Масъули сохтори ҳизбї дар  ноҳия Сайҷалол  Сатторов дар баромадаш  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронї намуда,  ҳозиринро  барои татбиқи онҳо ҳидоят намуд.

Дар асоси талаботи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур дар таъмиру тармими мизу курсиҳои муассисаи таълимии деҳа дасти кӯмак дароз намуданд. Онҳо ваъда доданд, ки чунин амали хайрро нисбати муассисаи таълимӣ минбаъд ҳам идома дода, дар таъмири асосии бинои таълимгоҳ ҳам саҳми арзандаи худро мегузоранд.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg