![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/6_12.jpg?itok=mTnw-aMu)
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ҷалби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон Тағоев Ҷамшед ва ташкилоти ибтидоии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия” як қисми роҳҳои деҳаҳои Дастгираки поён, Меҳристон ва Анористони ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов таъмир карда шуданд.
Дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ва роҳандозии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 400 метр роҳҳои дохили деҳаҳои номбурда асфалтпӯш гардида, сокинон бо истифода обу ҳпвлои мусоид заҳбуру заҳкашҳоро аз лойқа тоза намуда истодаанд.