![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190529_080641.jpg?itok=cIPs7Mjw)
ҶАЙҲУН.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Меҳенаткашон» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабинии таблиғотии ҳизбӣ доир гардид.
Дар он Муҳамадҷон Зайдуллоев иштирок карда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ ба камол расондани насли наврас Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро қабул намуд.