![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190523_091124.jpg?itok=dgMoGU4Q)
МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва робитаи зич доштан бо мардум бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Деҳибаланд вохӯрӣ доир гардид.
Масъулин дар ибтидо оид ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки воқеан ҳам, қабули ҳар як қонун ҳаёти аҳли кишварро бештар ба танзим меорад ва имконоту дастурҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро вусъат мебахшад.
Инчунин, дар ин росто ҳозиринро баҳри баланд бардоштани савияи дониши сиёсиашон ба омӯзиши санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи кишвар талқин намуданд.