БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД МАСЪУЛИЯТРО БЕШТАР БОЯД КАРД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаҳои  Зиракӣ ва Чорбоғ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб  баромад намуда,  қайд кард, ки дар суннати ниёгони мо аз рӯзи таваллуд ба тарбия ва таълими кӯдак аҳамияти хосса медоданд ва ин суннати дерина ва устувор то имрӯз идома дорад.

Бо фарорасии таътили тобистона масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд бештар мешавад. Чунки барои кӯдакон дар ин муддат бештар вақти холигӣ пайдо мегардад. Дар чунин рӯзҳо аксарияти фарзандон аз ҷониби волидон беназорат монда, боиси даст ба ҳар гуна корҳои ношоиста задани ноболиғон шуда, боиси ташвиши оила ва  ё худ маҳалла мегардад. Бинобар ин волидонро зарур аст, ки дар рафти таътили тобистона бо фарзандони худ бештар ба хондани китобҳои бадеӣ машғул шаванд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg