ЁВОН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чанде қабл дар ташкилоти ибтидоии «Сафеддара»-и деҳаи Оли сомони ҷамоати деҳоти Обшорон бо иштироки фаъолони деҳа оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон атрофи сиёсати инсондӯстона, башардӯстона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз зиндонҳои давлати Ироқ, оид ба задухурди навбатӣ дар муассисаи ислоҳотии 3/2-и шаҳри Ваҳдат, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, андешаронӣ намуда, ҳамагонро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ,татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват карданд .