БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Имрӯзҳо дар саросари дунё ҳафтаи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил гашта истодааст. Рӯзи ҳифзи кӯдакон моҳи ноябри соли 1949 бо қарори Иҷлосияи Федератсияи байналмилалии Демократии занон таъсис ёфта буд. Аввалин Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон соли 1950 дар 51 кишвари ҷаҳон таҷлил гардид. Бахшида ба Рӯзи ҳифзи кӯдакон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба 3 нафар кӯдакони маъюб ва аз оилаҳои камбизоат аёдат карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим супорида шуд.