Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ ”-и Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар маҳал вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва самтҳои афзалиятноки ҲХДТ мулоқот анҷом дода шуд.
Дар мулоқот Алиев Зафар-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, иброз дошт, ки сохторҳои ҳизбӣ бо дарки баланди масъулияти бузурги ватансозии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тадбиқу амалӣ намудани ҳадафҳои дарпешгузошташуда бо тамоми ҳастӣ саҳмгузор хоҳанд буд.