ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маданият» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон чорабинии фаҳмондадиҳии ҳизбӣ баргузор карда шуд.
Дар он қайд карда шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи 26.12-.2018 ба Маҷлиси Олии мамлакат баён гардид, тамоми мавзӯҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҷиҳати пойдорӣ ва устувории Ватан равшан месозад, қайд намуд зимни баромади хеш Зайдуллоев Муҳамадҷон.