КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол доир карда шуд.
Зимни чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 Абдулҳақов Саймуссавир иштирок ва баромад намуданд.
Дар баромади худ Файзуллоев Алишер қайд дошт, ки масъалаи кор бо ҷавонон дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дорад ва ҳамеша нисбати ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Инчунин, илова намуд, ки барои ҷавонон тамоми шароитҳо аз тарафи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи онҳо муҳайё карда шудааст. Дар ин зимн ҷавоноро мебояд донишҳои замонавиро аз худ намуда, барои ободии диёри хеш амал намоянд.