БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Меҳмонхонаи Қӯрғонтеппа” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Таваккал ва дигар шахсони даъватӣ дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Меҳмонхонаҳо дар тарғиби фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақши калонро бозида, метавонад сайёҳонро ба шаҳру вилоят бештар ҷалб намояд. Аз ин рӯ кормандони меҳмонхонаҳоро лозим аст, ки сатҳи хизматрасониҳоро дар меҳмонхона дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.