
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо сокинони деҳаи Вағлели ҷамоати деҳоти Лангардараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон вобаста ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат андешаронӣ карда, ҳамагонро барои ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбари давлат саҳм гузоштан дар рушду нумуи Ватан раҳнамоӣ намуд.