БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шурбулоқ»-и ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин  Айнии  ноҳияи Хуросон суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Саидзода Раҳмон иштирок дошта,  дар масъалаи ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғони тоҷик аз зиндонҳои давлати Ироқ, оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз табрикоташон бахшида ба оғози моҳи шарифи Рамазон бармеояд, мубориза бар зидди коррупсия, сари вақт пардохт намудани андозҳою дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин масъалаҳои терроризму экстремизм, ҳамзамон ҳодисаи рухдодаи санаи 19.05.2019  дар муассисаи ислоҳии  №3\2-и шаҳри Ваҳдат ва татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии  «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда, ҳамагонро ба корҳои ободониву созандагӣ раҳнамоӣ кард.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg