БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБЕ, КИ ҲАСТ КОРУ МАРОМАШ БА КОМИ ХАЛҚ!

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Кӯлдара”-и ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  ва дигар шахсони давъатӣ иштирок дошта, дар бораи сиёсати ятимпарварона, инсондӯстона ва башардӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар масъалаи баргардонидани 84 кӯдакон аз зиндонҳои давлати Ироқ,  дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар бобати дар  моҳи шарифи Рамазон ба таври сунъӣ баланд накардани нарх дар бозор, ҷабҳаҳои динии ин моҳ, савобияти ба корҳои ободонӣ харҷ намудани маблағе, ки барои рафтан ба ҳаҷ захира карда шудааст, он талаботе, ки Пешвои миллат дар ҷаласа бо иштироки кормандони  бонк, андоз ва гумрук, Вазорати нақлиёт ва дигарҳо бамиён гузошт, муфассал маълумот дод.

Инчунин, дар идома вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг Ҳабибулло Ҳикматуллоев дар баромадаш  аз фаъолияти вакилиаш дар назди интихобкунандагон ҳисобот дода, онҳоро дар асоси пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2019 -2021 эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба корҳои ободонӣ,  созандагӣ ва  боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ даъват намуд.

Баъдан дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷамъомадагон ба тоза намудани оромгоҳи деҳа  машғул шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg