КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон ҳамеша зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ба ин хотир, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар якҷоягӣ бо раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Стомотология” дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” ва бахшида ба моҳи шарифи Рамазон ба аёдати як нафар ҷавони маъюби гурӯҳи якум Абдуллоева Нигина истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ рафта аз ҳолу аҳволи у хабар гирифтан ва ба ӯ кӯмаки яквақта, аз қабили маводҳои хӯрокворӣ расониданд.
Баъдан масъулини ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Сомотология” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуда, атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ карданд.