
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров дар ташкилоти ибтидоии «Кишоварзӣ» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар мулоқот мавсуф оид ба се дастоварди муҳими соли 2018 – қабули Барномаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028, ба истифода додани чархаи якуми НБО Роғун ва барқарор шудани муносибатҳои ҳасана байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳадафи чоруми стратегии кишвар саноатикунонии мамлакат суханронӣ намуд.