БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи чашм» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ доир ба фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандӣ ва баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба соҳаи тандурустӣ ва некӯаҳволии мардум таваҷҷуҳи хоса доранд. Ин аст, ки қариб дар ҳамаи Паёмҳояшон соҳаи тандурустӣ яке аз мавзуъҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Дар охир роҳбари ташкилоти ибтидоии мазкур Фурқат Имомов ба сухан баромада, таъкид дошт, ки мо ҳамчун аъзои ҲХДТ дастуру супоришҳои дар назди кормандони соҳаи тандурустӣ гузоштаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарафдорӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳадафу маромҳои созандаи Пешвои миллатро дар амал татбиқ намоем.