ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ганҷина»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин зимни суханронӣ доир ба дастуру супоришҳои Асосусгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақсади асосии эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар кардани ифрасохтори деҳот мебошад, андешаронӣ карданд.
Дар охир ҷамъомадагон баҳри иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват карда шуданд.