
ВАХШ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо сокинони деҳаи Мирзоободи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин атрофи дастуру успоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ фикру мулоҳизаронӣ карда, ҳамагонро ба созандагиву ободонӣ, кӯмак ба шахсони ниёзманди ҷомеа дар арафаи иди моҳи Шарифи Рамазон раҳнамоӣ карданд.
Инчунин, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузорӣ ва љалби соҳибкори маҳаллӣ, узви фаъоли ҲХДТ Аваззода Сорбон дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳҳои таъмирталаби деҳа мумфарш карда шуд.