БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНДОЗ БАҚОИ ДАВЛАТ АСТ!

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Бақои давлат» вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал иштирок дошта, доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, супоридани андоз ва ба ин васила ғанӣ гардонидани буҷаи давлат, мубориза бо коррупсия ва ғайра ибрози андеша намуд. Аз ҷумла, мавсуф гуфт ки, муқовимат бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ буда, барои дар амал татбиқ намудани он аъзои ҳизб вазифадор мебошанд.

Дар охир ба як гурӯҳ фаъолони ташкилоти ибтидоии мазкур барои саҳми арзанда гузоштан дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандони Пешвои миллат бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg