
БАЛҶУВОН.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Охбулоқ»-и ҷамоати деҳоти Тоҷикистон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро ҷиҳатидар амал татбиқ намудани сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат ба корҳои созандагӣ раҳнамоӣ намуданд.
Бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем»! сокинон дастаҷамъона 2 км роҳи байни деҳаро сангфарш намуданд.