
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод”-и ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар маҳал мулоқот баргузор гардид.
Зимни мулоқот Асоев Хизрдин -мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии ва Нуруллоев Саъдулло-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ҳизби ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла қайд карданд, ки мо ҳизбиён талош бар он дорем, ки зимни пеш бурдани корҳои тарғиботӣ андешаи солиму тафаккури созандаро дар ҷомеа ташаккул дода, ҷомеаро барои анҷом додани кори неку созанда сафарбар намоем.