ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Лоларух”-и ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок намуда, атрофи масъалагузориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ, муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм, ҷалби занону духтарони хонашин ба касбу корӣ гуногун, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, мардумро дар роҳи осоиштагӣ роҳнамоӣ намудан, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаҳои худро баён намуд.