БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНАРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

ВОКУНИШ. Тоҷикистони азизамон имрӯз дар ҳоли рушд қарор дошта, Ҳукумати мамлакат зина ба зина ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, дастовардҳои зиёде ба даст оварда истодаем. Аммо солҳои охир содиршавии амалҳои мудҳиши террористӣ, ки барои анҷоми онҳо маҳз ҷавонони бесаводу ноогаҳро сафарбар карда дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи Афғонистони ҳамсоя мураккаб кардааст.

Ҷавонони мо фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик мегарданд, ки ин ҳолат хеле ташвишовар аст.  Гуфтан мумкин аст, ки онҳо нафароне мебошанд, ки ақл ва зеҳнашон дар доираи системаи муайяни арзишҳои ба онҳо таҳрикшуда карахт шуда, қобилияти дарки дигари масъаларо надоранд. Онҳо имрӯз дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварро намебинанд, онҳо қобилияти шинохти фарҳанги миллӣ, таъриху тамаддун ва қаҳрамониҳои Спитамен, Темурмалику Восеъи шуҷоъро, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ва манфиати халқ бархостанд, урфу одат ва муқаддасоти миллиро надоранд. Чунки ҳама гуна арзише, ки аз доираи фаҳмиши онҳо берун аст, ҳамчун андешаи ботил дониста мешавад. Бинобар ҳамин ҳам, онҳо дар рафтори худ якрав, худхоҳ, барои ҷомеа ва атрофиён хавфнок, дар мубоҳиса таҳаммулнопазиранд. Вале, идоракунии онҳо дар доираи фаҳмишашон, ки маҳдуд аст, ниҳоят осон буда, ақлу ирода ва рафтори онҳоро хоҷагонашон идора мекунанд.

Дар роҳи амалӣ намудани мақсадҳояшон қатъӣ, ҷиддӣ, бо ҷуръат, нотарс ва ҷасур мебошанд. Зеро онҳоро ба ғуломи ким кадом ғояи рӯзи саодат мубаддал кардаанд, ки барои онҳо ҳаёти инсонӣ арзише надошта, худи онҳо омодаанд дар дилхоҳ лаҳза ба амалҳои даҳшатноки террористӣ даст зада, бо зиндагӣ дар ин дунё падруд гӯянд. Ҳол он ки бояд фарзанди тоҷик барои дифои марзу буми Ватан, падару модар, хоҳарону бародарон, сарзамини аҷдодӣ, илм, фарҳанг ва манфиатҳои миллӣ баромад карда, дар ҳолати зарурӣ ҷон супорад.  

Вале, садҳо фарзандони тоҷик мутеъи ифротгароӣ шуда, тавассути идораи беруна ё фатвоҳои «устодони маънавии худ» барои ҳифзи манфиатҳои мазҳабии дигар халқу миллатҳо дар давлати бо ном исломии Сурия амалҳои экстремистию террористиро анҷом дода, аъзои гурӯҳҳои экстремистӣ гардидаанд. Онҳо гурӯҳи нафароне мебошанд, ки дар доираи ягонагии эътиқодӣ, мафкуравӣ ва сиёсӣ муттаҳид гашта, мақсади амалӣ кардани фаъолияти экстремистиро доранд. Боиси тазаккур аст, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ҷанбаҳои мусбӣ ва ҷанбаҳои манфии худро дорад. Дар ин раванд пурзӯршавии омӯзиши шадиди арзишҳо масъалае мебошад, ки баҳри пойдории фарҳангҳо таззодҳои зиёдро пеш меовард. Дар ин давра таҳоҷуми фарҳангӣ дар шаклҳои гуногун ва роҳу василаҳои гуногун суръат гирифта, истодагарӣ карда тавонистанд  дар рӯ ба рӯи он масъулияти баландро тақозо менамояд. Бинобар ин, нигоҳ доштани ҳувияти фарҳангӣ дар шароити муосир басо муҳим мебошад. Зеро раванди номатлуби тақлидкорӣ дар пӯшидани сару либос, ки имрӯзҳо дар байни бархе аз занону духтарони мо вомехӯрад, оқибатҳои хуб надошта, боиси авҷгирии тамоюли бегонапарастӣ гашта метавонад. Набояд фаромӯш кард, ки занон дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигоҳдорандаи  фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд ва ходими фаъоли ҷамъиятию давлатиро адо намуда истодааст.Моҳи майи соли ҷорӣ бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар 84 нафар кӯдаконро аз Сурия ба Тоҷикистон оварданд, ки  онҳо  таҳти  парастории  Ҳукумати  Тоҷикистон  қарор хоҳанд  гирифт.

Аз  андешаҳои  боло  бармеояд, ки  чеҳраи  террористон  ва  экстремистон  манфур  буда , ҳар  ду  ҷараён  мақсадҳои  нопок  дошта, ҷони  ҳазорон  нафари  бегуноҳро  мутеи хатари  марг  месозад, ки  ин  падидаҳои  номатлуб  доғи  рӯзи  ҷомеаи  ҷаҳонист.

Пас  бошад, ки ҳамватанони  азизи мо, ҳамеша ҳушёрӣ , зиракӣ  ва бедории сиёсиро  аз  даст надода, зидди  ифротгароён  садо  баланд  карда,  барои  пешгирии  ҳама гуна   амалҳои  террористию   экстремистӣ  омода бошанд.

 

Сайёра  Мардонова, мудири шуъбаи  кор  бо  занони Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи  Вахш                                                 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg