БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОРО МАСЪУЛИЯТ ВА ТАШАББУСИ ДАҲЧАНД МЕБОЯД

АНДЕША. Дар ҳошияи суханронии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон дар  ноҳияи Данғара.

Амалӣ сохтан ва ё татбиқи давра  ба давраи ду ҳуҷҷати муҳими давлатӣ – Стратегияи миллии рушд  барои марҳилаи то соли 2030, Барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати  кишвар  буданд, ки  дар  се соли охир  ҳисаи саноат аз 15,2 ба 17,3% расид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 майи соли ҷорӣ ҷиҳати таҳлили иҷрои ин барномаҳо бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара мулоқот доир намуданд.

         Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ татбиқи лоиҳаҳо дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои соли 2016-2020-ро натиҷагирӣ намуда, вазъи баъзе ноҳияҳои вилоятро нигаронкунанда баҳо доданд.

Масъалаҳое, ки мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, иҷрои нақшаи даромади буҷет, бунёди корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармояи мустақим, воридоти технологияи муосир, рушди саноатикунонии мамлакат, коркарди мааҳсулоти кишоварзӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки замин, афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат,  рушди корҳои ободониву  бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар баробари ин барои ислоҳи камбудиҳо ба роҳбарони кумитаҳои дахлдор, вазорату идораҳо ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳия барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории татбиқи бандҳои иҷронагардидаи Барномаи рушд  супоришҳои мушаххас доданд. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси ибрат барои ватандорон, барои онҳое, ки воқеан ҳам  кишвари худро дўст медоранд, мебошад.

Дар ноҳияи Панҷ татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари давлат, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ, тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ  ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон идома ёфта истодааст. Аз рафти тадбирҳои созандагӣ мушоҳида мешавад, ки тавассути корҳои ободонӣ ҷиҳати сохтмони иншооти гуногун, аз қабили иншоотҳои хизматрасонӣ, мактабу бунгоҳҳо, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои хизматрасонии маишию маданӣ дар деҳот, боғи фарҳангӣ -фароғатӣ ва чароғон кардани кўчаву хиёбонҳо симои ноҳия дигаргун гаштааст.

То ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон тибқи лоиҳаи барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия беш аз 137 иншоот ба маблағи  83.671ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. То имрўз дар 61 иншоотҳои гуногун корҳои таъмирию сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд. Зимнан, 2 маркази савдо дар ҷамоати шаҳраки Панҷ, 2 боғчаи бачагона дар ҷамоатҳои деҳоти Озодагон ва Намуна,  бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоати деҳоти «Нури Ваҳдат», маркази хизматрасонии маишӣ ва 6 синфхона бо муҳайё сохтани 180 ҷойи нишаст дар муассисаи таълимии №22- ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов, мумфарш гардидани 2 км роҳҳои марказии ҷамоати деҳоти Озодагон ва амсоли онҳо мебошанд, ки дар ин ҷода корҳои таблиғотии Кумитаи иҷроияи ноҳия низ саҳми арзанда дорад.

Дар ба даст овардани ин бурдбориҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷомеаи имрўзаи мо ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ низ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.

         Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз зумраи он ташкилотҳои  ҷамъиятию  сиёсие мебошад, ки дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, сифатҳои наҷиби ахлоқию маърифатӣ ва маънавии аъзоёнаш такя намуда, ғайрату идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар баробари самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, роҳандозии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» масоили риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумхурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулимяти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар вохўриву сўҳбатҳо бо сокинони ноҳия мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Дар ин росто, ҳизбиён низ барои расидан ба ин мақсадҳои олӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бо ҳисси масъулиятшиносии баланд ва фаъолияти пурсамар саҳми арзанда мегиранд. Зеро меҳнати содиқонаву якдилонаи аҳли кишвар боиси шукуфоии бештари Ватани маҳбубамон ва сарафарозии миллати тоҷик дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наслҳои оянда мегардад.

Ҳамин тариқ,  андешаронии Пешвои миллат дар вохўрӣ бо аҳли ҷамоатчигии вилоят  аз ҳар як  нафар ва умуман сокинони кишвари азизамон Тоҷикистон ҷиҳати ҳадафмандона ва дурусту бонизом амалӣ намудани ин дастурҳо - масъулият, садоқат, ташаббус ва  созандигиву бунёдкориро тақозо менамояд, то ин ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро шоиста истиқбол намоем.

 

Файзизода Каримҷон-узви Гурўҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси

вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg