
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи моҳвораи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Коллеҷи тиббии ноҳия таҳти унвони «Мо ҷавонон бар зидди нашъамандӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ донишҷӯёни Коллеҷҳо ва Литсейҳои касбии техникӣ иштирок намуда, панҷ маърӯза роҷеъ ба пешгирӣ ва пайдоиши сарчашмаи ин беморӣ пешниҳод намуданд.
Инчунин, дар кори мизи мудаввар муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва директори Маркази норкологӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.