
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо дили гарму эҳсоси баланди ватандориву ватанпарастӣ дар дастҳо шиору овезаҳои ҳизбу ба кӯчаҳои шаҳрак баромада, аз моҳвораи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон хуш истиқбол намуданд.
Баъдан чорабинии варзишӣ, аз қабили футбол, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба 25-солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ, дар миёни ҷавонони ташкилоту муассиса ва деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ташкил кардааст, бо сабқати байни дастаҳои ташкилоти ибтидоии «Себдара» ва «Сино» оғоз ёфт.