
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «50-солагии Тоҷикистон» бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он масъулин атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ҷалби сокинон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи баргузории Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» андешарони карданд.