БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ -АЗ САМТҲОИ МУҲИММИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

Бо мақсади расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибитидоии “Ҷамоати Зиракӣ” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва котиби ташкилоти ибтидоии мазкур Ҳакимов Ҷамшед иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Файзуллев Алишер суханронӣ карда, изҳор намуд, ки барои ҲХДТ мисли тамоми мардуми шарифи мамлакат сулҳу суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ арзишҳои бузурганд ва тарғибу  ташвиқи сулҳпарваронаи тоҷикон яке аз ҳадафҳои аслии мо мебошад.

Дар навбати худ Ҳакимов Ҷамшед гуфт, ки дар марҳилаи имрӯза ҳар як узви ҳизбро зарур аст, ки ғояи давлати миллиро дар миёни мардум, махсусан, миёни ҷавонон ва занон ҳамаҷониба талқин намоянд ва арзишҳое чун, садоқат, адолат, виҷдон ва номус бояд ҳамрадифу ҳаммаънои фаъолияти ҳамарӯзаи мо ҳизбиён бошад.

Ҳамзамон масъулин қайд намуданд, ки ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин раванд, таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, тарбия намудани шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстиву арҷ гузоштан ба арзишҳои ҷомеаи дунявӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg