ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “СНОБ”-и шаҳри Левакант бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи щхдт дар самти ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб хониши сиёсӣ доир гардид.
Масъулин вобаста ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти он ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа сухан гуфта, аз ҷумла изҳор доштанд, ки имрӯз вазифаи ҳар яки мост, то қарзи фарзандию имонӣ будани ин амали ҷавонмардонаро ба ҷавонон расонем ва тавонем, ки дар ниҳоди онҳо эҳсоси гарми дӯст доштани Ватан, муҳофизат аз марзу буми кишвар ва арзишҳои онро бедор намоем.
Инчунин, дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» гирду атрофи корхона аз алафҳои бегона, тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар тоза карда шуданд.