ПАНҶ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо фаъолони ташкилоти ибтидоии “Ободон”-и ҷамоати деҳоти Меҳвар хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон, Ғафуров Сайдамир, Солиҳов Фирдавс суханронӣ намуданд.
Файзизода Каримҷон оид ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон санаи 24 майи соли 2019 дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, андешаронӣ намуд. Дар мулоқот Пешвои миллат барои боз ҳам самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, аз чумла ба роҳ мондани кишти такрорӣ, итеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва андешидани дигар тадбирҳои муҳим дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид шуд, ки ҳифзи амнияти озуқавории кишвар дар қатори дигар ҳадафҳо муҳиму афзалиятнок буда, барои татбиқи самараноки он ҳамаи имкониятҳову захираҳоро сафарбар намудан лозим аст.
Дар охир ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амали намудани Аксияи тарғиботи-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинони маҳал ва кормандони ташкилоти ибтидои деҳоти “Озодагон” тасмим гирфтанд, ки чорабиниҳои ободониро ҳарчи зиёдтар роҳандозӣ намоянд.