НОРАК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гулобод” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёси баргузор гардид.
Дар он масъулини ҳизбӣ атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, расонидани кӯмак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” нуқтаи хизматрасонӣ ва сартарошхона сохта ба истифода дода шуд ки ҳоло ба мардум хизмат расонида истодааст.