ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Рӯ овардан ба саноат тақозои беҳбудии сатҳи зиндагӣ мебошад. Бо ин мақсад намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Нури Вахши хониши сиёсӣ доир намуданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ, масъулин вобаста ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла ҳадафи чоруми саноатикунонии кишвар суханронӣ карданд.
Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Гогол вобаста ба саноатикунонии кишвар чораҳои зарурӣ андешида, дар ин росто гармхона ва сехи пазандагии анвои нонӣ ташкил карда шуд, ки занону бонувони хонашин барои омӯзиш ва ҷои кори доимӣ фаро гирифта мешаванд.