БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО БО МЕҲНАТИ АРЗАНДА САЗОВОР ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “деҳаи Хуррамзамин”-и  ҷамоати деҳоти  ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи масъалагузориҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ,  ҷавонон пайравони Пешвои миллат,  баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаҳои худро баён  намуд.

Дар охир аз ҳамагон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гирифтани санаҳои муҳими таърихӣ даъват ба амал овард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg