БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИЁИЁН ЧАРОҒИ РӮШНОИИ МИЛЛАТАНД!

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чанде қабл бо мақсади роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷоннок намудани фаъолияти таблиғотӣ ва роҳандозии корҳои созандагию бунёдкорӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва амалӣ намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Ҷавонон -1»- и ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон бо иштироки омӯзгорон ва фаъолони деҳаи Даштобод вохӯрии судманди ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳандозӣ намудани корҳои хайру саховат дар моҳи шарифи Рамазон, маҳкум намудани ҳодисаи нангине, ки дар муассисаи ислоҳии 3/2 -и шаҳри Ваҳдат ба вуқуъпайваста, баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз маҳбасҳои давлати Ироқ, даъвати навбатии ҷавонон ба ҳизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳамкории падару модар бо мактаб андешаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg