ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шар-шар»-и ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ хониши сиёсӣ дар мавзӯъи «Ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу суботу амнияти кишвар» доир карда шуд.
Дар он Худойдод Ёров корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусалаҳаш мебошад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиклолияти комили худро таъмин намояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро набояд аз хизмат кардан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намоянду онҳоро пинҳон кардаву бо ҳар баҳона аз хизмати Ватан-Модар саркашӣ кунанд, зеро Ватани моро ҳеҷ кас ғайри мо ҳифз наменамояду онро обод намесозад.