БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР ПАРТАВИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!»

ПАНҶ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи Бурхиёни ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои тазагию ободонӣ бароҳ монда шуд.

Дар ин рўз ҷонибдорони ҳизб дар маҳал фаъолона иштирок намуда, баҳри ободу зебо намудани симои деҳот заҳмат кашида, бо сангфарш намудани 1,5 км роҳҳои дохили маҳалла машғул шуданд.

Пас аз ба охир расидани  корҳои ободонӣ манзараи зебое пеши назар меомад. Дар ҳақиқат сокинон бо ин корҳои ободониву созандагии худ, баҳри амалӣ гардидани мақсаду мароми халқпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ бо садоқати самимӣ саъю талош варзида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg