ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баргузории хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Гулистон»- и ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова вохӯрии баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозӣ намудани корҳои хайру саховат дар моҳи шарифи Рамазон, оиди маҳкум намудани ҳодисаи нангине, ки дар муассисаи ислоҳии 3/2-и шаҳри Ваҳдат ба вуқуъпайваста, оиди баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз маҳбасҳои давлати Ироқ ва оиди пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон андешаронӣ намуданд.