БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - БАРНОМАИ БУНЁДӢ ВА ОЯНДАСОЗ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии сокинон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “деҳаи Каромат”-и  ҷамоати деҳоти Исмат Шарифови ноҳия  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи дастуру супоришҳо ва нуқтаҳои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 23.05.2019 дар ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара баён намуда буданд, суханронӣ намуд. Ҳамчунин дар масъалаи боло бурдани масъулияти шаҳрвандӣ, тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандӯстӣ, аз ҳар гуна манфиатҳои зараровар худдорӣ кардан, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаҳои худро баён  намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg