БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САФАРБАРКУНИИ ҶОМЕА БА КОРҲОИ НЕКУ СОЗАНДА – АЗ ҲАДАФҲОИ АСЛИИ ҲХДТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади диққати ҷомеаро ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва фаъолияти ҳизбӣ равона сохтан, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бештар намуда истодааст.

Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дилафрӯз” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва раиси ташкилоти ибтидоии номбурда  Нурова Низора иштирок ва суханронӣ намуданд.

Файзуллоев Алишер дар рафти мулоқот ба сухан баромада, қайд кард, ки кормадони масъули ҳизбӣ мекушанд, ки бо мафкураи носолим мубориза бурда ва онро аз мағзи ҷомеа берун созад. Мо ҳизбиён талош бар он дорем, ки зимни пеш бурдани корҳои тарғиботӣ андешаи солиму тафаккури созандаро дар ҷомеа ташаккул дода, ҷомеаро барои анҷом додани кори неку созанда сафарбар намоем.

Дар охир аз ҷониби Нурова Низора изҳори боварӣ карда шуд, ки мо ҳизбиён бо дарки баланди масъулияти бузурги ватансозии ҲХДТ дар татбиқу амалӣ намудани ҳадафҳои дар пеш гузошташуда бо тамоми ҳастӣ саҳмгузорӣ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg