БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони ноҳияи Данғара ҷашни 30-солагии Истиқлолиятро бо дастовардоҳои сазовор истиқбол мегиранд

Андеша. Дар партави сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара рӯзҳои 23-24.05.2019 як қатор  корҳои созандигию  ободонӣ мавриди истифодаи сокинони ноҳия қарор дода шудаанд. Махсусан рӯзи 23.05.2019 бо иштироки Сарвари давлат дар ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара роҳи автомобилгард бо дарозии 18 км, ки дар ҳолати корношоям қарор дошт аз нав сохта, расман  ба истифода супорида шуд.

Дар деҳаҳои Паркамчӣ, Ғиҷовак, Алиҷон ва  Пушинг  дар маҷмуъ 26 км роҳҳои дохили деҳаҳо сангфарш  ва мумфарш  карда шудаанд. Дар деҳаи Паркамчӣ сохтмони бинои муассисаи таълимии 3-ошёна, бунёди  105 гектар боғҳои нави содиротӣ, дар деҳаи  Ғиҷовак бунёди беморхонаи  нави замонавӣ,  майдончаи варзишӣ,  маркази  савдо, сартарошхона  ва ғайра  ба истифода дода шуданд. Дар деҳаи Алиҷон сохтмони  маркази хизматрасонӣ дар арафаи  анҷомёбӣ қарор дорад. Дар деҳаҳои Дилнишин, Моҳпора, Шаршари ҷамоати деҳоти Пушинг   сохтмони    бунгоҳи  тиббӣ, китобхона сохта ба истифода дода шуда,  сохтмони муасисаҳои таълимӣ дар ду баст барои 560-нафар хонанда дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Роҳҳои дохили деҳаҳо сангфарш карда шуданд.

Дар деҳаи Оличадара бунгоҳи тиббӣ ва муассисаи таълимии нави замонавӣ ба истифода дода шудааст ва роҳи байни маркази байни деҳаю маркази ноҳия ба дарозии 12 км сохта ба истифода дода шуд. Дар деҳаи Пушинг сохтмони муасисаи таълимии се ошёна барои 1420 хонанда дар ду баст, майдони варзишӣ, майдончаи хурд бо гулгашти  зебо дар масофаи 0,70 га, сохтмони беморхонаи нави замонавӣ, таъмири маркази саламатии деҳа, таъмири қасри фарҳанги деҳа, бунёди бозори деҳқон, сохтмони маркази хизматрасонии деҳаи Пушинг, ки дар он утоқҳои Амонатбонк, дорухона,  кошонаи ҳусн,  сартарошхона, ҳамом, ошхона, нонвойхона, таъмири таҷҳизотҳои барқӣ,  дузандагӣ ва ғайра мавриди истифода қорор дода шудаанд. Бунёди ҳавзи деҳаи Пушинг, ки дар масоҳати 6 га сохта шудааст бо эълон гардидани  соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  барои қабули саёҳон ва меҳмонон  пурра омода буда,   ба истифода дода шуд, ки дар он 57000 моҳӣ парвариш карда  шуда истодааст.

Яке аз иншоотҳои арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокинони деҳаи Пушинг бунёд кардаанд — Маҷмааи калони майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо варзишгоҳ ва растаи ҳунармандон мебошад.

Дар ҳудуди майдони Парчам ва Нишон, ки 2,5 гектарро ташкил медиҳад, гулгашт, боғи фароғатӣ, варзишгоҳ бо 2500 ҷойи нишаст, дӯконҳо дар растаи ҳунармандон бунёд шудаанд.

Бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи калони майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо варзишгоҳ ва растаи ҳунармандон ифтитоҳ гардид. Пас аз ифтитоҳи иншоотҳои мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо фаъолон соҳибкорон ва сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Пушинг мулоқот доир намуданд.   

     Дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳоҷӣ Лайло дар майдони 35 га замин бунёди 12 адад гармхона, 4 га токзор, 30 га ниҳолҳои содироти  сардхона бо ғунҷоиши 400 тонна, ҳавзи моҳигирӣ низ  бо иштироки Сарвари давлат мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар деҳаи Ғарғара бунёди 6 бинои  се ошёна, ки айни ҳол се адади онҳо ифтитоҳ ва сохтмони се бинои дигар дар арафаи анҷомёбист. 

Бояд қайд кард, ки корҳои ободонию созандагӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра аз тарафи сокинон ва соҳибкорони  ҷамоати деҳоти Пушинг  анҷом дода шудааст.

       24 май дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот анҷом доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла вазъи соҳаи кишоварзиро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба роҳбарону масъулон доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бартараф кардани камбудиҳо вазифаҳои мушаххас доданд.

 

    Каримов П. А, раиси Кумитаи иҷроияиҲХДТ дар ноҳияи Данғара                           

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg