БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«ТЕРРОРИЗМ - ИН НАФРАТИ ИНСОН БА ИНСОНИЯТ МЕБОШАД”

ВОКУНИШ. Афзоиш ёфтани хатару таҳдиди терроризм ба сулҳу амнияти ҷаҳон моро водор намуд, ки оид ба мафҳуми терроризм ва роҳҳои самарабахши мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб изҳори ақида намоем.

Терроризм - яке аз зуҳуроти ниҳоят хавфноки замони муосир буда, бо  шаклу тобишҳои гуногун амалӣ  мегардад ва пешгӯӣ кардани он душвор аст. Амалҳои террористӣ боиси ҳалокати одамони зиёд гардида, таъсири шадиди равонӣ эҷод месозанд ҳамзамон арзишҳои моддию маънавиро нобуд менамоянд, ки дар бисёр мавридҳо барқарор намудани онҳо ғайриимкон аст. Амалҳои террористӣ дар байни кишварҳо тухми адовазоъҳои мусаллаҳонаро ба бор меоранд, инчунин, дар байни гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ нобоварию бадбиниро ба вуҷуд меоранд, ки бартарафсозии он вақт ва заҳмати зиёдро талаб менамояд.

Терроризм амали зиддиҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидае мебошад, ки қонуният ва ҳуқуқи давлатро зери шубҳа қарор дода, ба ин васила даст задан, ба даҳшатафканию расидан ба мақсадҳои хешро асоснок кардани мешаванд. Гуруҳҳои гуногуни ҷиноятпеша, бо мақсади муҳайё сохтани шароити мусоид барои фаъолияти ҷинояткоронаи хеш даст ба амалҳои террористӣ зада, рақибони худро нобуд месозанд ё ба фаъолияти ҳокимияти давлатӣ таъсир мерасонанд.

Ҷаҳони муосир гуногуншакл буда, халқу миллатҳо, пайравони дину мазҳабҳо бо тарзи фаҳмиши ҳайёт, меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои фарҳангӣ аз якдигар фарқ доранд, ҳамзамон зиддияту бархӯрди арзишҳо мушоҳида мешаванд. Мутаассифона, аз зиддияту бархӯрди арзишҳо истифода бурда терроризм бо даҳшатафканию харобкорӣ ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои муайян баромад мекунад. Дар ду даҳсолаи охир бошад, таҳдиди терроризм хусусияти умумибашарӣ гирифта, сулҳу амнияти аҳли башарро зери хатар қарор додааст. Бояд қайд намуд, ки ин зуҳуроти номатлуб бо таъсири омилҳои муайян аз солҳои 80-уми асри XX сар карда, рӯ ба афзоиш овард (агар дар солҳои 90-уми асри гузашта 900 амалҳои калони террористӣ рӯй дода бошад дар даҳсолаи охир зиёда аз 1000 амалҳои террористӣ ба амал бароварда шуданд).

Аз ҳамин лиҳоз барои самаранок мубориза бурдан бо ин зуҳуроти ниҳоят хавфнок ҳамкории ҳамаи давлатҳо дар сатҳи олӣ ва таъсиси ташкилотҳои байналмилалӣ оиди мубориза бо терроризм зарур мебошад.

Шомалангова Миҷгона, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg