БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАҲРИ САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ҲАР ЯК ВАҶАБ ЗАМИН

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади фароҳам овардани ҳуқуқи занон ба замин ва дастрасии занон ба замину захираҳои иқтисодӣ,  дар ҷамоатҳои деҳоти Яккатут, Иттифок, Калинин ва 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо иштироки Шарипов Умедҷон роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва рушди ҷомеаи деҳот», дар ҳамбастагӣ ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо занони фаъоли ҷамоатҳои деҳоти номбурда вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур масъулин оид ба масъалаҳои ҳуқуқи зан ба замин, замину заминдорӣ, самарнок истифода бурдани замин, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ барои ба даст овардани таъмини амнияти озуқаворӣ барои занони деҳот, ки бевосита ба замину заминдорӣ машғуланд, маълумотҳои дақиқ дода шуд. Дар баробари ин  Муҳаммаддову Ҳалимов оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg