БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ АЪЗОИ ҲИЗБ ДАР ПЕШРАФТИ ҶОМЕА НАЗАРРАС АСТ

Н.ХУСРАВ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии Аксияи « Якҷоя ҳал мекунем!»  дар ростои истиқболи ҷашни  30-  солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, ки  то  соли  2021  идома дода мешавад ва татбиқи  Соли  баланд  бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар  маҳаллаи Фирӯза оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҷаласаи ҳизбӣ баргузор гардид.

Масъулони Кумитаи иҷроия  мушкилотҳои  дар  маҳалбударо  сари  вақт дарёфт карда, роҳи ҳалли онҳоро ҷустуҷу намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро дар  маҳаллаи мазкур дар  якҷоягӣ бо мардум бартараф  кардан  суҳбат намуданд.

Бо мақсади беҳтар  ба  роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ  ба  мардум фаҳмонидани роҳҳои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сафарбар намудани қувваи халқ  ба  корҳои ободониву созандагӣ бо қувваи аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоии “Фирӯза”  бинои ҷамъиятӣ сохта  ба  истифода дода шуд, ки  як  утоқи он дафтари кори раиси ташкилоти ибтидоии маҳалла буда,  бо тамоми шароити корӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ ҷиҳозонида шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg